ҒОЛИБИЯТИ КОРМАНДИ АГЕНТӢ ДАР ОЗМУНИ “ИЛМ ФУРУҒИ МАЪРИФАТ”
16 сентябри соли 2026 даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат” дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур, ходими калони илмии Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар вилояти Суғд – н.и.т., Мирзоев Далер дар номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ байни калонсолон дар мавзуъи “Бадастории масолеҳи композитӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ” иштирок намуда, сазовори ҷои 1-ум гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат ёфт.